Нашри китоби навбатии Дилафрӯз Рустамзода
Монографияи илмӣ риояи меъёрҳои касбӣ дар ВАО-и ватанӣ, бахусус Радиои “Тоҷикистон”-ро фаро мегирад. Муҳаққиқ риоя ва нақзи меёрҳои муайян намудаи кодексҳои ахлоқи касбиро дар фаъолияти журналистони радио бозгӯ намудааст. Монография зери назари академик Муҳаммадюсуф Имомзода рӯйи чоп омада, ба 30-солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад. Китоб ҳамчун асари мукаммали илмӣ ба аспирантону муҳаққиқон, устодони факултаву шуъбаҳои журналистика ва кормандони ВАО пешниҳод шуда, омӯзанда аст.
Рустамзода Дилафрӯз Абдусалом, 28 майи соли 1975 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Соли 1998 факултети журналистикаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро (ҳозира ДМТ) хатм карда, пас аз хатми Донишгоҳ ассистенти кафедраи телевизион ва радиошунавонӣ, омӯзгори кафедраи журналистикаи байналхалқӣ, муаллими калони кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети журналистикаи ДМТ буд.
Моҳи январи соли гузашта муовини декани факултети журналистика оид ба тарбия таъин шуд. Моҳи марти соли 2020 вазифаи пурмасъулияти директори Радиои “Тоҷикистон”-ро бар уҳда гирифт. Аз аз 15 июни соли 2020 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.
Ӯ дар мавзӯи “Проблемаҳои риояи меъёрҳои этикаи касбӣ дар барномаҳои Радиои Тоҷикистон” (2019) таҳти роҳбарии академик Имомзода Муҳаммадюсуф рисолаи илмии худро дифоъ намуда, унвони номзади илмҳои филологиро соҳиб шудааст.