Ширкати Пешвои миллат дар ҷаласаи XXII Шӯрои машваратии назди Президент оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ
16 март таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи XXII Шӯро баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба рафти иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ, натиҷаҳои таҳлил ва тавсияҳо оид ба рушди тиҷорати электронӣ, истифодаи воситаҳои муосири рушди соҳибкорӣ миёни занон ва ҷавонон, лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимни баррасии масъалаҳои ҷаласа, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам вусъат ёфтани раванди ислоҳотро тавассути муколамаи озоди байни давлат ва бахши хусусӣ бо баргузории ҷаласаҳои Шӯро зикр намуда, дар ин замина беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ дар соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, ташкили низоми шарикии давлат ва бахши хусусӣ, шомилшавии Тоҷикистон ба конвенсияҳои байналмилалӣ, таъсиси рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистон, роҳандозии хизматрасониҳои электронӣ ба соҳибкорону сармоягузорон ва ислоҳоти дигарро натиҷаи фаъолияти самараноки Шӯро арзёбӣ намуданд.
Зикр карда шуд, ки баҳри таъмини рушди устувори бахши хусусӣ, заминаи меъёрии ҳуқуқӣ дар самтҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкориву сармоягузорӣ ва низоми иҷозатдиҳӣ боз ҳам мусоид гардида, аз оғози соли 2022 мавриди амал қарор гирифтани Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав барои беҳтар гардидани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ, гузариш ба технологияи рақамӣ ва ташкили ҷойҳои корӣ замина мегузорад.
Ҳамзомон бо ин дар ҷаласа раванди роҳандозии тиҷорати электронӣ ва нақши муҳими он, хусусан дар шароити пандемияи коронавирус, фароҳам овардани имконят ҷиҳати коҳиш ёфтани хароҷот вобаста ба ташкили савдо, анҷом додани амалиёт ба таври ғайринақдӣ бо сарфаи вақт дар муҳлати кӯтоҳ, инчунин ҷанбаҳои дигари масъалаҳои соҳа зикр карда шуд.
Ҳамчунин Президенти мамлакат масъалаҳои бартараф намудани монеаҳо дар фаъолияти бахши хусусӣ вобаста ба санҷишҳои беасос аз ҷониби баъзе мақомотро зикр намуданд. Дар ин робита зикр гардид, ки пурра ҷорӣ намудани низоми электронӣ дар муносибатҳои байни мақомоти санҷишӣ ва субъектҳои соҳибкорӣ шаффофиятро таъмин намуда, барои сари вақт муайян ва бартараф кардани камбудиҳо ва аз байн бардошта шудани зарурати гузаронидани санҷишҳои зиёд имкон медиҳад.
Оид ба рафти иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ иброз гардид, ки қарорҳои қабулгардида ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи саноат, аз ҷумла мукаммал намудани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсолӣ ва содироти бештари маҳсулот, рушди тиҷорати электронӣ, таъсиси марказҳои логистикӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рушди соҳибкорию сармоягузорӣ равона карда шуданд.
Дар ин замина Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи саноат барои солҳои 2021-2023 бо қарори Ҳукумати мамлакат аз 2 сентябри соли 2021 тасдиқ гардида, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат” аз 23 декабри соли 2021 қабул карда шуд.
Ҳамчунин дар самти такмил додани барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар асоси талабот ба эҳтиёҷоти бозори меҳнат Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ бо назардошти талаботи меъёрҳои байналмилалӣ таҳия гардид.
Натиҷаи дигари ислоҳот- ин роҳандозии муваффақонаи низоми содироткунандагони бақайдгирифташудаи Иттиҳоди Аврупо буда, тазаккур дода шуд, ки дар низоми мазкур 61 ширкати ватанӣ ба қайд гирифта ва аз соли 2021 тавассути ин низом аз ҷониби ширкатҳои мазкур маҳсулот содир мегардад.
Тавре зикр карда шуд, дар раванди тақвияти хизматрасониҳои давлатии электронӣ ба соҳибкорону сармоягузорон аз ҷониби вазорату идораҳо, аз ҷумла замимаи мобилии “Соҳибкор” бо се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) тарҳрезӣ гардида, дар шабакаи интернет роҳандозӣ гардид.
Вобаста ба натиҷаҳои таҳлил ва тавсияҳо оид ба рушди тиҷорати электронӣ, ки дар ҷаласаи Шӯрои машваратӣ баррасӣ гардиданд, қайд карда шуд, ки мукаммал намудани қонунгузории танзими тиҷорати электронӣ ва заминаи инфрасохтории соҳа барои рушди тиҷорати электронӣ дар ҷумҳурӣ муҳим буда, дар ин самт тадбирҳои дахлдор бояд андешида шаванд.
Дар ҷаласа вобаста ба истифодаи воситаҳои муосири рушди соҳибкории бонувон ва ҷавонон, хусусан масъалаҳои дастгирӣ ва усулҳои таъмини он, нақшаҳои минбаъда ва тадбирҳо ҷиҳати амалисозии барномаю дигар санадҳо дар самти мазкур ибрози назар карда шуд.
Инчунин дар ҷаласа Шӯрои машваратӣ қарор қабул кард, ки масъалаи таъмини рушди устувори соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя барои саноатикунонии босуръати кишвар ба баррасии ҷаласаҳои ояндаи шӯро пешниҳод карда шавад.
Дар муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Корвони Аср” Абдулло Ҳасанов, Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд, Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Сезин Синаноглу, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Инноватсия дар технологияи муосир” Фаррух Солеҳов, Роҳбари Намояндагии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Ленни Монтиел, Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимли, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шафқат” Манзура Ғафурова, роҳбари Намояндагии Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон Рика Ишии ва роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Асрори санг” Далер Шарифӣ андешаҳои худро вобаста ба масъалаҳои баррасишуда иброз намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаро ҷамъбаст намуда, вобаста ба нуқтаҳои дар он зикргардида ба вазорату идораҳо ва масъулини мақомоти давлатӣ дастуру супоришҳо ва ба шарикони рушд тавсияҳои дахлдор доданд.
Аз ҷумла, дар робита ба нокифоя будани нишондиҳандаҳои бахшҳои сармоягузориву соҳибкорӣ барои таъмини рушди устувори кишвар, бо дарназардошти хавфу омилҳои манфии берунӣ ба вазорату идораҳо, шӯроҳои соҳибкориву сармоягузории назди раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки ташаббусҳои созандаи соҳибкорону сармоягузоронро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, ҷиҳати боз ҳам афзун намудани ҳиссаи бахши хусусӣ дар иқтисодиёт тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Таъкид гардид, ки дар ин самт, хусусан, ба такмили низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва тақвияти неруи инсонӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва истифодаи дурусти онҳо, ки рақобатнокии миллиро таъмин менамоянд, бояд таваҷҷуҳи аввалиндараҳа зоҳир карда шавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни таҳлили вазъ вобаста ба шиддат пайдо кардани шароити геосиёсии ҷаҳон, авҷ гирифтани низоъҳои тиҷоратӣ, болоравии нархи молу маҳсулот дар ҷаҳон, хусусан, маводи озуқаворӣ ва сӯзишворӣ, ҷорӣ гардидани маҳдудият дар шабакаҳои логистикии интиқоли молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон, дар назди шарикони рушд зарурати такмили барномаву нақшаҳоро ҷиҳати афзоиш додани кумакҳо дар самти кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди кишвар, дастгирии буҷети давлатӣ, татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя ва маблағгузории ташаббусҳои соҳибкорону сармоягузоронро ба миён гузоштанд.
Бо дарназардошти нақши муҳими тиҷорати электронӣ ҳамчун омили пешрафти иҷтимоиву иқтисодии кишвар пешниҳод карда шуд, ки шароит ва инфрасохтори соҳа барои гузариши тиҷорат аз шакли маъмулӣ ба электронӣ дар кишвар тақвият дода шавад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати самаранок танзим намудани муносибатҳои соҳибкорӣ дар самти тиҷорати электронӣ Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Маркази миллии қонунгузориро вазифадор карданд, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳои дахлдор барои ҳарчи зудтар таҳия ва қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тиҷорати электронӣ” бо фарогирии талабот, қоидаҳо ва тартиби ташкили фаъолият дар ин соҳа тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.
Ҳамчунин бо мақсади таъмин намудани рушди ҳамаҷонибаи тиҷорати электронӣ дар кишвар ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо супориш дода шуд, ки лоиҳаи Стратегияи рушди тиҷорати электронӣ ва барномаи амал оид ба татбиқи онро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.
Стратегия ва барномаи амал бояд маҷмӯи чорабиниҳоро оид ба баланд бардоштани малакаи рақамӣ ва молиявии аҳоливу соҳибкорон, рушди инфрасохтор ва логистикаи тиҷорати электронӣ, такмил додани гардиши ҳуҷҷатҳо ва пардохтҳои электронӣ фарогир бошад.
Аз ин рӯ Сарвари давлат сохторҳои марбутаро вазифадор намуданд, ки чораҳои самараноки гузариши муназзам аз низоми анъанавӣ ба низоми рақамиро бо дарназардошти масъалаҳои муҳими соҳа, аз ҷумла роҳандозии ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои электронӣ дар амалиёти тиҷоратӣ, истифодаи васеи кортҳои бонкӣ ва мобилӣ, коҳиш додани ҳаҷми тиҷорат бо пули нақд, ҷорӣ намудани расидҳои электронӣ ва дигар ҷанбаҳои рушди соҳа амалӣ намоянд. Дар баробари ин, бояд амнияти иттилоотӣ ва бехатарии киберӣ дар ҳама соҳаҳои истифодаи технологияҳои рақамӣ таъмин карда шавад.
Вазорати маориф ва илм ва дигар сохторҳои марбута аз Президенти мамлакат супориш гирифтанд, ки барномаҳои таълимиро ҳарчи зудтар такмил дода, барои омӯзиши васеи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ шароити мусоид фароҳам оваранд. Дар ин раванд таҳия ва татбиқи барномаи омодасозии кадрҳои соҳаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо истифодаи усулҳои муосири таълим мувофиқи мақсад дониста мешавад.
Вобаста ба нақши муҳими паркҳои технологӣ дар ҳалли масъалаҳои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди тиҷорати электронӣ, афзоиши ҳиссаи технологияҳои иттилоотӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва тавлиди маҳсулоти глобалӣ, ба вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода шуд, ки ҷиҳати мукаммал намудани заминаи меъёрии ҳуқуқии вобаста ба фаъолияти паркҳои технологияҳои иттилоотӣ ва таъсиси онҳо чораҷӯӣ намоянд.
Зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои сармоягузорӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки мукаммалсозиву содагардонии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва фароҳам овардани шароити боз ҳам мусоид барои соҳибкории бонувон, бахусус дастрасӣ ба захираҳои молиявии арзон, таъмин намудани инфрасохтор ҷиҳати фаъолияти самараноки бонувон ва касбомӯзиву баланд бардоштани малакаи соҳибкории онҳо муҳим арзёбӣ мегардад.
Аз ин рӯ, ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Котиботи Шӯро супориш дода шуд, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳо лоиҳаи Барномаи рушди соҳибкории бонувон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030-ро таҳия ва пешниҳод намоянд.
Ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода шуд, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳо оид ба таъсиси Фонди дастгирии лоиҳаҳои инноватсионӣ ва лоиҳаҳои навоғозшавандаи ҷавонон, ки аз ҳисоби сармоягузориҳо ташаккул меёбад, пешниҳоди мушаххас манзур намояд.
Ба шарикони рушд тавсия дода шуд, ки дастгирии худро дар ин самт тақвият бахшанд.
Ҳамчунин Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Котиботи Шӯро вазифадор гардиданд, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳо дар хусуси боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти соҳибкории ҷавонон таҳлили ҳамаҷониба гузаронида, натиҷаи онро бо тавсияву пешниҳодҳои мушаххас ба ҷаласаҳои ояндаи Шӯро манзур намоянд.
Ҳоло барои амалисозии шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар кишвар заминаи зарурии меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст ва истифодаи васеи он дар соҳаҳои мухталифи иҷтимоиву иқтисодӣ ҷиҳати рушди истеҳсолоти ватанӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳо ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ бояд таъмин карда шавад.
Аз ин лиҳоз, Сарвари давлат ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, вазорату идораҳои соҳавӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш доданд, ки намунаи ягонаи шартномаи ҳамкорӣ оид ба сармоягузориро таҳияи намуда, барои истифодаи васеи механизми шарикии давлату бахши хусусӣ ва татбиқи лоиҳаҳои бештар дар ин самт тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.
Дар охир Президенти мамлакат, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуданд, ки татбиқи қарорҳои дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯро қабулгардида барои боз ҳам беҳтар шудани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ дар кишвар мусоидат менамоянд.
Бо ҳамин ҷаласаи бисту дуюми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ба охир расид.