Рухшона Эмомалӣ ба Елизаветаи II эътимоднома супорид

15 март Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Рухшона Эмомалӣ эътимодномаи худро ба Маликаи ин кишвар Улёҳазрат Елизаветаи II супорид. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Сафири Тоҷикистон таманниёти неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маликаи Подшоҳии Муттаҳида Улёҳазрат Елизаветаи II ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори равобити дипломатӣ байни ду кишвари дӯст ва 70-умин солгарди ба тахт нишастани Малика расонид.

Аснои вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамчунин роҷеъ ба масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Британияи Кабир ва дурнамои рушди он табодули афкор намуданд.

Ёдовар мешавем, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 декабри соли 2021 Рухшона Эмомалӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ таъйин шуд. Мавсуф қаблан дар вазифаи сардори раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамуд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE