Имзои Ёддошти тафоҳум миёни Тоҷикистон ва Корея оид ба сохтмони метро дар Душанбе

Маросими баимзорасонии Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати Роҳи оҳани миллии Корея оид ба сохтмони метро дар шаҳри Душанбе 14 март баргузор гардид. Дар ин бора Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ёддошти тафоҳумро Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва аз ҷониби ширкати Роҳи оҳани миллии Корея, раис — директори иҷроияи он Ким Ҳангёнг ба имзо расониданд.

Азим Иброҳим зикр кард, ки баимзорасонии тафоҳумномаи мазкур барои ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд заминаи ҳуқуқӣ фароҳам оварда, имкон медиҳад, ки ҳамкории дуҷонибаи ниҳодҳоямонро қавӣ намоем. «Ёддошти тафоҳум имконияти ҷалби ширкати Роҳи оҳани миллии Кореяро барои татбиқи дигар лоиҳаҳои сармоягузории соҳаи нақлиёт, ки аҳамияти минтақавӣ доранд, васеъ менамояд», — таъкид намуд Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE