Ҷаласаи Вазирони корҳои хориҷии СҲИ баргузор мегардад
Рӯзҳои 22-23 марти соли 2022 дар шаҳри Исломободи кишври Покистон 48-умин ҷаласаи Вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории Исломӣ (СҲИ) баргузор мегардад. Дар робита ба ин, Сафири Покистон дар Тоҷикистон Имрон Ҳайдар зимни мулоқот бо намояндагони васоити ахбори умум изҳор намуд.
Зикр гардид, ки СҲИ дуввумин созмони байниҳукуматӣ дар ҷаҳон буда, ормонҳои дастаҷамъии беш аз 1,5 миллиард мусулмонро ифода мекунад. Он дар ҳимоят ва пешбурди манфиатҳои уммати мусалмон нақши муҳим дорад.
Мавзӯи иҷлосияи дарпешистода “Шарикӣ барои ваҳдат, адолат ва рушд” аст. «Ҳоло Покистон бесаброна интизор аст, ки дар Иҷлосияи 48-уми Шӯрои вазирони СҲИ иқдомоти муштараки исломиро оид ба масъалаҳои фарогир тарҳрезӣ кунад. Покистон барои пешбурд ва таҳкими шукуфоӣ ва рушд барои ҳамаи кишварҳои узви СҲИ саъй хоҳад кард»,-таъкид доштааст Имрон Ҳайдар.
Ӯ афзуд, ки дар иҷлосияи дарпешистода ҳамчунин масъалаҳои марбут ба сулҳу амният, рушди иқтисодӣ, ҳамкориҳои фарҳангӣ ва илмӣ баррасӣ хоҳанд шуд. Соли ҷорӣ ҳамчунин 30-умин солгарди барқарории равобити дипломатӣ миёни Покистону Тоҷикистон таҷлил мешавад. Имрон Ҳайдар аз иштироки Тоҷикистон дар ин ҷаласа баҳои баланд додааст.