Сарвари давлат агрегати 3-юми НБО «Сарбанд»-ро ба кор дароварданд

20 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант ба Нерӯгоҳи барқи обии “Сарбанд” ташриф оварда, агрегати рақами 3-юми ин иншооти муҳими гидроэнергетикии мамлакатро ба кор дароварданд.

Агрегати мазкур, ки баъди таҷдиду навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, 49 мегаватт тавоноӣ дорад. Дақиқияти кори он муайян карда шуда, ҷавобгӯи талабот арзёбӣ гардид. Нерӯгоҳи барқи обии “Сарбанд” бо иқтидори лоиҳавии 240 мегаватт аз ҷумлаи шашумин нерӯгоҳҳои амалкунандаи маҷрои дарёи Вахш ба ҳисоб меравад.

Лозим ба ёдоварист, ки сохтмони неругоҳи мазкур соли 1956 оғоз гардида, аввалин агрегати он соли 1962 ба кор дароварда шудааст. Бинобар сабаби истифодабарии тулонӣ, қисми зиёди таҷҳизоти электромеханикӣ ва гидромеханикии нерӯгоҳ ва дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи он фарсуда шуда буд. Дар нерӯгоҳи мазкур дар давоми қариб шаст сол ба ҷуз аз таҷдиди як агрегат дигар ҳеҷ гуна корҳои таҷдиду навсозӣ анҷом дода нашуда буд.

Бинобар ин, соли 2011 байни Ҳукумати мамлакат ва Бонки Осиёии Рушд оид ба амалӣ намудани лоиҳаи “Таҷдиди Нерӯгоҳи барқи обии “Сарбанд” Созишномаи грантӣ ба маблағи зиёда аз як миллиард сомонӣ ба имзо расонида шуд ва татбиқи он расман соли 2016 оғоз гардид. Мақсад аз татбиқи лоиҳа баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ, таъмини кори муназзам, самаранок ва мутобиқ намудан ба стандартҳои муосири техникӣ ба шумор меравад.

Дар асоси созишнома лоиҳа аз ду қисмат иборат буда, даври якуми он пурра иваз кардани 5 агрегат, 2 автотрансформатор, бунёди бинои нави идоракунӣ ва дигар корҳои ба он алоқаманд ва қисмати дуюми лоиҳа таҷдиди дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи 220/110 киловолтаро дар бар мегирад. Айни замон дар қисмати якуми лоиҳа барқарорсозии таҷҳизоти истеҳсоли неруи барқ ҷараён дорад.

Татбиқи марҳилаи якуми лоиҳаро корхонаи муштараки “Синоҳайдро-Ҳайдрочайна” ба уҳда дошта, пас аз таҷдиду навсозӣ соли 2018 агрегати рақами 5 бо тавоноии 49 мегаватт, соли 2019 агрегати рақами 6 бо иқтидори 49 мегаватт ва соли 2020 агрегати рақами 2 бо тавоноии 45 мегаватт ба кор дароварда шуд. Ҳамчунин дар асоси лоиҳа то ин муддат иваз намудани ду автотрансформатор, барқарорсозии чор крани борбардор, таъмири бинои толори мошинҳои нерӯгоҳ, навсозии бинои идоракунӣ, дарвозаҳои обгузари сатҳи поёнӣ ва болоӣ, бинои об ва равғанҷудокунандаи садамавӣ, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар соҳили чапи дарё ва соҳили чапи канали пайвасткунанда, насби дастгоҳи кушодаи тақсимоти барқ ба анҷом расидааст. Дар ҳоли ҳозир таҷдиду навсозии гидроагрегати рақами 1 идома дорад. Ҳаҷми корҳои иҷрошуда дар агрегати мазкур зиёда аз 60 фоизро ташкил медиҳад.

Президенти Ҷумҳурии Тоxикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои анҷомёфтаи таҷдиду навсозӣ дар НБО “Сарбанд” баҳои баланд дода, масъулонро вазифадор сохтанд, ки дар қисмҳои дигари ин иншооти муҳими стратегии мамлакат тадбирҳои навсозӣ сифатан хуб ва бо риояи меъёрҳои пазируфташудаи ҷаҳонӣ ба охир расонида шавад. Дар қисми дуюми лоиҳа, Консорсиуми “Генсер GЕ”-и Туркия тибқи шартнома бо Ширкати Саҳомии Холдингии Кушодаи “Барқи Тоҷик” барқарорсозии зеристгоҳҳои барқии 220 ва 110-киловолтро пурра ба анҷом расонид.

Барқарорсозии дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи 220 киловолт ва 110/35/6 киловолт бо назардошти пурра иваз намудани таҷҳизоти асосию ёрирасони онҳо, аз ҷумла иваз намудани трансформаторҳои қудратӣ, трансформаторҳои шиддат, трансформаторҳои ҷараён, дастгоҳҳои тақсимкунандаи комплектии 6 киловолт, васлакҳои равғанӣ, ҷудокунакҳо, хатҳои интиқоли барқи мавҷуда дар ҳудуди неругоҳ, хати нави интиқоли барқи 220 киловолт ва биноҳои идоракунӣ дар доираи қисмати дуюми лоиҳа амалӣ карда шуд.

Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи лоиҳаи мазкур агрегатҳо, трансформаторҳо ва дигар таҷҳизоти барқӣ аз ҷумҳуриҳои Олмон, Италия, Ҳиндустон, Чин ва Қазоқистон ворид карда шуданд.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки бо дарназардошти кӯҳнаю фарсуда будани таҷҳизоти электромеханикӣ ва гидромеханикии нерӯгоҳ, то оғози лоиҳа иқтидори миёнаи он 165 мегаватро ташкил менамуд. Дар натиҷаи татбиқи лоиҳаи “Барқарорсозии Нерӯгоҳи барқи обии Сарбанд” иқтидори лоиҳавии нерӯгоҳ аз 240 мегаватт ба 270 мегаватт бардошта шуда, сатҳи хизматрасонӣ дар неругоҳ ва таҳвилу таъминоти неруи барқ ба таври назаррас баланд хоҳад гардид.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE