Таҷлили ҷашни Наврӯз дар Маҷлиси намояндагон
Дирӯз, 19 март таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо иштироки вакилон ва кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон конференсияи илмию-амалӣ оид ба мавзӯи «Наврӯз — пайвандгари насли имрӯзу фардо» баргузор гардид. Дар ин бора аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода иброз намуд, ки дар таърихи фарҳанги мардуми тоҷик ҳеч як анъана ва расму ойине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврӯз азизу арҷманд нест. Наврӯз пайвандгари насли имрӯз бо расму ойин, арзишҳои эстетики, меҳру садоқат ва анъаноти ниёгон мебошад. «Боиси ифтихору сарфарозист, ки ба шарофати истиқлолияти давлатӣ ҳамасола моҳи март фарорасии соли нави аҷдодиамон — Наврӯз якҷо бо айёми эҳёи табиат ва оғози корҳои кишоварзӣ дар сатҳи давлатӣ ва бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад», — тазаккур дод ӯ.
Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин иброз намуд, ки Наврӯз ҳамчун қадимтарин ва зеботарин ҷашни мардумӣ дар домони табиати зебои куҳандиёри мо беш аз шаш ҳазор сол бо рангу рўйи тоза ва накҳати накҳатбораш зуҳур кардааст.
Ба таъкиди ӯ, ки ҷаҳонишавии Наврӯз бо ибтикори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқуъ павастааст, ки воқеияти таърихии ба асолати худ баргаштану дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф шудани ин сунати аҷдодиро барқарор намуд.
Раиси Комиссияи одоби вакилони Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода, вакилони мардумӣ Гавҳар Шарофзода, Шариф Ҳакимзода, Абдуҳалим Ғаффорзода ва Муҷибахон Ҷавҳарӣ суханронӣ намуда, роҷеъ ба таърих ва аҳамияти ҷашни Наврӯзӣ байналмилалӣ ахбороти муфассал доданд.