Ғолибони Мусобиқаи байналмилалии теннис миёни наврасон муайян гардиданд

Аз 18 то 22 апрел дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи тенниси Тоҷикистон Мусобиқаи байналмилалии теннис миёни наврасон «Dushanbe Cup» дар сатҳи баланд баргузор шуд. 

Дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 128 варзишгар аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Туркия, Эрон, Дания, ИМА, Исроил, Ҳиндустон, Фаронса, Малайзия, Белгия, Украина, Чин ва Олмон иштирок карданд.

Дар натиҷа, дар рақобатҳои инфиродӣ миёни писарон ҷои аввалро варзишгари навраси тоҷик Сомон Амонов ба даст овард. Ҷои дуюм насиби Анатолий Тсибулко (Қазоқистон), ҷои сеюмро Саидамир Саидазимов (Узбекистон) сазовор гардид.

Миёни духтарон ҳар се ҷои ифтихориро намояндагони Узбекистон сазовор шуданд. Вероника Лян ҷои аввал, Кейра Ким ҷои дуюм, Муслимахон Турдимуродова ҷои сеюмро гирифтанд. Дар мусобиқаи ҷуфтӣ миёни писарон ҷуфти Сомон Амонов (Тоҷикистон) / Анатолий Тсибулко (Қазоқистон) мақоми аввалро ишғол намуданд. Ҷуфти Комрон Икромов/Саидамир Икромов (Узбекистон) ҷои дуюмро сазовор гардид. Миёни духтарон ҷуфти Кейра Ким / Олеся Петрова (Узбекистон) ҷои якум, ҷуфти Муслимахон Турдимуродова / Вероника Ҷепарова (Узбекистон) ҷои дуюмро ишғол намуданд.

Ба иттилои корманди Федератсияи тенниси Тоҷикистон Абдурасул Муҳиддинов, давоми сол дар шаҳри Душанбе мусобиқаҳои дигари сатҳи байналмилалӣ миёни наврасону ҷавонон ба нақша гирифта шудаанд, ки ҳамагӣ ба тақвими мусобиқоти Федератсияи байналмилалии теннис ворид шуда, рейтингӣ ҳастанд. Аз ҷумла 23 апрел мусобиқаи байналмилалии «Dushanbe Open» миёни наврасони то 14-сола шурӯъ гардид, ки то 28 апрел идома меёбад.

Моҳи май ду мусобиқа миёни ҷавонони то 18-сола доир хоҳад шуд – «Tajikistan Open» (2-7 май) ва Ҷоми Федератсияи тенниси Тоҷикистон (9-14 май).

Ёдовар мешавем, ки аз 8 то 13 августи соли равон баргузории Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба теннис, 15-20 август «Dushanbe Open», 3-8 октябр «Dushanbe Cup» ва 10-15 октябр «Somoni Cup» миёни ҷавонони то 18-сола дар назар аст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE