Дар Душанбе Рӯзи кормандони соҳаи тиб таҷлил гардид

17 август дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» бо ташаббуси раҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Дар ҳамоиш муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, роҳбарияту намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, собиқадорони соҳа ва кормандони бахши тандурустии пойтахт иштирок намуданд.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ зикр намуд, ки давоми солҳои охир бо таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти олии мамлакат, хосса, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соҳаи тандурустии пойтахт ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, давоми сол шумораи зиёди кормандони соҳаи тандурустӣ аз курсҳои такмили ихтисос гузашта, корро бо муосиртарин дастгоҳҳои тиббӣ омӯхтанд.

Зикр гардид, ки марказҳои тандурустии шаҳри Душанбе бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иловатан дорои воситаҳои нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ ва доруворию лавозимоти тиббӣ гардидаанд. Ҳамзамон бо дастгоҳҳои нодири ташхисию табобатӣ низ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Дар ҷараёни ҷамъомад ба як гурӯҳ табибони фаъол, ки дар рушди соҳа ва пешбурди бахши тандурустӣ дар шаҳр саҳми назаррас доранд, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE