Ғафуров: То ҷашни 35-солагии Истиқлол бунёди 20 корхонаи саноатӣ дар назар аст
Дар доираи панҷсолаи рушди саноат ва дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунёди 20 корхонаи саноатӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора зимни шиносоии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо сохтмони як қатор корхонаҳои саноатӣ маълумот дода шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Раиси вилоят нахуст бо фаъолият ва тадбирҳои бунёдкорӣ дар ҶДММ «Аҷр» шинос гардид. Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ дар масоҳати 0,54 гектар ҷойгир буда, дар он бо мақсади беҳтар намудани фаъолият хатҳои нави истеҳсолӣ насб карда мешавад. Таҷҳизоти зарурӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид гардида, баъди насби онҳо дар назар аст, ки дар як шабонарӯз то 25 ҳазор дона халта истеҳсол гардад.
Сипас Раиси вилоят дар ҶДММ «Шишаи сохтмон» ҷараёни васлу насби таҷҳизотро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Дар ин корхонаи навбунёд истеҳсоли шиша барои сохтмон ба роҳ монда шуда, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он даҳҳо нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мешаванд.
Раҷаббой Аҳмадзода ба соҳибкорон барои татбиқи лоиҳаҳо тавсияҳо дода, воридсозии технолгияҳои навро муҳиму саривақтӣ арёзбӣ намуд ва барои ҳарчи бештар таъсис додани ҷойҳои корӣ супориш дод.
Ба иттилои масъулини соҳаи саноати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар семоҳаи аввали соли равон дар ноҳия 7 корхона ва хатҳои нави истеҳсолӣ фаъол гардида, беш аз 100 нафар сокинон бо ҷойи корӣ таъмин гардиданд. Дар корхонаҳои саноатии ноҳия дар семоҳаи аввали сол ба маблағи наздик 900 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 273 миллион сомонӣ зиёд мебошад.