Дар Душанбе хатсайри нави автобуси 27 фаъол мегардад
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки шурӯъ аз 23 майи соли 2022 хатсайри нави автобусии №27 (Муассисаи таълимии ғайридавлатии коллеҷи тиббӣ — Терминали Ҷанубӣ) ба фаъолият оғоз менамояд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Автобусҳо дар хатсайри мазкур тавассути кӯчаву хиёбонҳои Истиқлол-2, Машъал, А.Қаҳҳоров, А.Ҷомӣ, Н.Қарабоев, А.Фирдавсӣ, Қосимов, Ҷанубӣ, шоҳроҳи Душанбе — Бохтар то Терминали ҷанубӣ ҳаракат менамоянд.
Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки аз хизматрасонии автобусҳои муосири тамғаи «KING LONG» истифода баранд.
Пардохти ҳаққи роҳкиро тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.