Дар шаҳри Душанбе ярмарка-фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал ташкил мегардад
📍Бо мақсади таъмини сокинони пойтахт бо маҳсулоти ғизоӣ, паст намудани нархи маҳсулоти кишоварзӣ ва фаровонии маҳсулот дар бозорҳои истеъмолии шаҳр бахшида ба моҳи шарифи Рамазон ва ҷашни байналмилалии Наврӯз аз 14 март то 20 марти соли 2026 дар 4 минтақаи шаҳри Душанбе ярмарка-фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал ташкил карда мешавад. Дар ярмаркаи мазкур асосан маҳсулотҳои ғизоӣ аз қаблӣ гӯшт, картошка, пиёз, сабзӣ, карам, мева, тухм, биринҷ, равған, маҳсулоти ширӣ ва дигар маҳсулотҳо бо нархҳои дастрас пешниҳод мегардад.
Ярмарка-фурӯши маҳсулот дар чор минтақаи пойтахт аз ҷумла:
🔹Бозори “Меҳргон”
🔸Бозори “Саховат”
🔹Тавақуфгоҳи МИҲД-и ноҳияи Сино
🔹Боғи Куруши Кабир
Султонализода Ёқубҷон
Садои Душанбе

