Гардиши савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон дар чор моҳ ба 173,6 миллион доллар расид
Гардиши савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон дар 6 соли охир 37 баробар афзоиш ёфтааст. Дар чор моҳи соли 2022 ин рақам ба 173,6 миллион доллар расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 40,5 миллион доллар ё 30,4 фоиз зиёд мебошад. Ин нукта 26 май зимни вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо муовини якуми Вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон Лазиз Қудратов иброз гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат.
Дар доираи мулоқот тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд. З. Завқизода зикр намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи роҳбарони ду кишвар- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромаданд.
Дар натиҷаи иҷрои дастуру супоришҳои сарони ҳарду давлат ва таваҷҷуҳи хоссаи онҳо ба тақвияти муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба гардиши савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон дар 6 соли охир 37 баробар афзоиш ёфтааст. Дар чор моҳи соли 2022 ин рақам ба 173,6 миллион доллар расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 40,5 миллион доллар ё 30,4 фоиз зиёд мебошад.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо мувофиқасозии сохтори лоиҳаи Протоколи ҷаласаи 9-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, иҷрои протоколи қаблӣ ва ҷараёни корҳои омодагӣ ба ҷаласаи навбатиро баррасӣ намуданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин дар вохӯрӣ масъалаҳои ҷалби бештари сармоя ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таҳкими ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сармоягузорӣ, саноат, энергетика, нақлиёт ва кишоварзиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои боз ҳам густариш додани ҳамкории дуҷониба бо истифода аз имконоти зиёди мавҷуда баён намуданд.