Имрӯз Мусобиқаи «Grand Slam»-и Улан-Батор оид ба гўштини дзюдо оғоз мешавад
Имрӯз дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон мусобиқаи «Тоскулоҳи бузург» («Grand Slam») оид ба намуди гўштини дзюдо оғоз мешавад, ки он то 26 июни соли равон идома меёбад. Дар ин мусобиқа аз Тоҷикистон се паҳлавони шинохтаи тоҷик — Беҳрӯз Хоҷазода (73 кг), Сомон Маҳмадбеков (73 кг) ва Амирҷон Насимҷон (90 кг) иштирок мекунанд, хабар доданд ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон.
Мавриди зикр аст, ки мусобиқаи «Grand Slam» яке аз бонуфузтарин мусобиқоти арсаи ҷаҳонист. Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 200 варзишгар аз 27 давлат иштирок мекунад.
Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур ҳайати даста иборат аз Беҳрӯз Хоҷазода (73 кг), ки пас аз ду соли муолиҷа ба варзиш баргаштааст, Сомон Маҳмадбеков (73 кг) ва Амирҷон Насимҷон (90 кг) намояндагӣ мекунад.
Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 73 кг дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ҷуфти Шаҳром Аҳатов (Ӯзбекистон) ва Бенс Борос (Маҷористон) қувваозмоӣ мекунад.
Беҳрӯз Хоҷазода паҳлавони дигари кишвар дар даври аввал дар вазни то 73 кг, бо варзишгари мизбон Уранбайар Одгерел вориди рақобат мешавад. Ёдовар мешавем, ки Сомон Маҳмадбеков ин варзишгаро дар мусобиқаи Paris Grand Slam 2021 шикаст дода буд.
Дар вазни то 90 кг дар мусобиқаи мазкур кишвари моро Амирҷони Насимҷон намояндагӣ мекунад. Амирҷон дар даври аввал бо варзишгари мизбон Мунхбайар Баттогтох рақобат мекунад.
Мавриди зикр аст, ки паҳлавонони шинохтаи мо – Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯз Хоҷазода рӯзи дуюм (25 июн), Амирҷони Насимҷон рӯзи сеюм (26 июн) баҳри ба даст овардани нишонҳои фахрӣ рақобатҳоро шурўъ мекунанд.