БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ПОЙТАХТ

25.06.2024. бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар толори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони воҳидҳои сохтории шаҳри Душанбе ҳамоиши тантанавиро бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳти унвони «Сарнавишти давлатдории тоҷикон ва нақши Ваҳдати миллӣ дар бунёди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон» доир намуд.

Дар ҳамоиши мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар, муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафар, ноиби ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба илм Сафармамадзода Сафармамад, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Умеда, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим, сармуҳаррири нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Народная газета” Маҳбуба Камолова, Маҳмашарифзода Дилрабо сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иштирок намуда, қайд карданд, ки Ваҳдати миллӣ сарчашмаи асосии падидаи ҳамкорӣ, созгорӣ ва ҳамоҳангии манфиатҳою субот дар ҷомеа, амнияту тараққиёти кишвар ва муҳимтарин заминаи пешравиҳои халқамон ба шумор меравад, ки ин дастоварди бузург тавассути талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои-миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.

Дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани фарзандон, дар замири онҳо ҷой намудани дустию рафоқат, меҳру муҳаббат, арҷ гузоштан ба фарҳангу тамаддун, муқаддас донистани фарҳанги миллӣ яке аз масъулиятҳои волидайн ба шумор меравад.

Қайд бояд кард, ки ташаккулдиҳандаи тарбияи ахлоқӣ фарҳанги миллии ҳар қавму миллат ба шумор рафта, дар баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстию маърифатпарварӣ нақши ҳалкунанда мебозад. Таълиму тарбия дар он сурат пойдор хоҳад монд, ки хусусиятҳои миллӣ дошта, нигаҳдори арзишҳои таърихии мо, равнақу ривоҷи худшиносӣ ва ифтихори миллӣ бошад.

Ин ҳама дастгириҳо, хусусан занону модаронро водор месозад, ки дар марҳилаи кунунии давлатсозию давлатдорӣ мавқеи фаъол ва устувори шаҳрвандӣ дошта, содиқона дар амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ саҳми худро гузоранд.

Ватанро сидқан ва самимона дӯст доштан, бо он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ расидан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва эҳтироми падару модарро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҳар кадоми мо бояд ин арзишҳоро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳем, қайд намуданд баромадкунандагон дар чорабинии мазкур.

Дар охир ба як қатор фаъолзанони касбу кори гуногун ифтихорномаҳо тақдим карда шуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE