Ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони адлияи давлатҳои иштирокчии ИДМ дар Тоҷикистон доир мешавад
Дар соли 2023 Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён раиси Шӯрои вазирони адлияи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) интихоб гардида, ҷаласаи 17-уми он дар Тоҷикистон баргузор мешавад.
Тавре дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, тасмими мазкур 30 июн зимни баргузории ҷаласаи 16-уми Шӯрои вазирони адлияи давлатҳои иштирокчии ИДМ дар заминаи Форуми 10-уми байналмилалии ҳуқуқӣ, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор гардид, гирифта шуд.
Бояд гуфт, ки аз 29 июн то 1 июл дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия Форуми 10-уми байналмилалии ҳуқуқӣ баргузор гардид.
Ҷаласаи Шӯрои мазкур таҳти раёсати Вазири адлияи Федератсияи Русия Чуйченко Константин баргузор шуда, дар он Вазири адлияи Арманистон Карен Андреасян, муовини Вазири адлияи Беларус Николай Старовойтов, Вазири адлияи Қирғизистон Аяз Баетов ва Вазири адлияи Узбекистон Русланбек Давлетов иштирок доштанд.
Дар рафти ҷаласа аъзои Шӯро нақши вазоратҳои адлия дар гузаронидани сиёсати ҳуқуқӣ ва ислоҳоти ҳуқуқӣ, масъалаҳои мубрами соҳаи адвокатура ва баланд бардоштани сифати истеҳсолоти экспертизаи судӣ дар муассисаҳои экспертизаи судиро баррасӣ намуданд.