Дар Вена даври даҳуми машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Австрия баргузор гардид

30 июн дар Вена даври даҳуми машвартҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия баргузор шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳайатҳоро муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Фарҳод Салим ва сардори Департаменти Аврупои Шарқӣ, Қафқози Ҷанубӣ, Осиёи Марказӣ, сиёсати ҳамҷавории шарқии Иттиҳоди Аврупо ва шарикии шарқии Аврупои марказии Вазорати федералии корҳои аврупоӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Австрия Герҳард Зайллер роҳбарӣ карданд.

Дар ройзаниҳо тарафҳо ҳолат ва дурнамои густариши муносибатҳои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Австрияро баррасӣ карда, пиромуни масъалаҳои муҳимми минтақавӣ ва байналмилалии мавриди эҳтимоми муштарак табодули афкор намуданд.

Бо қаноатмандӣ зикр шуд, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Австрия дар тамоми арсаҳо пайваста ва ҳадафмандона густариш меёбанд. Дар ин замина аҳаммияти ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯбаи татбиқи лоиҳаҳои стратегӣ дар қаламрави Тоҷикистон таъкид гардид.

Тарафҳо ба зарурати тавсеаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ишора намуда, таҳкими ҳамкориро зарур шумориданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE