Дар Батуми Консулгарии фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода шуд
Дар шаҳри Батуми 5 август бахшида ба солгарди 28-уми барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурҷистон маросими ифтитоҳи дафтари Консули фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Батумии Ҷумҳурии Мухтори Адҷария Тенгиз Коколадзе баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Сафири Тоҷикистон дар суханронии табрикотӣ ифтитоҳи Консулгарии фахриро ба муносибати солгарди 28-уми барқарории равобити дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Гурҷистон рӯйдоди муҳим дар муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ намуда, зикр намуд, ки ин шаҳодати сатҳи баланди равобит миёни ду кишвар аст. Ҳамчунин зикр гардид, ки ифтитоҳи консулгарӣ дар таҳкими ҳамкории дуҷонибаи иқтисодиву тиҷоратӣ, илмиву фарҳангӣ ва робитаҳои гуманитарӣ саҳми назаррас хоҳад гузошт.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Мухтори Адҷария Торнике Рижвадзе зимни суханронӣ ба ҷониби Тоҷикистон барои тасмими ифтитоҳи Консулгарии фахрӣ дар Батумӣ изҳори сипос намуда, гуфт, ки ифтитоҳи Консулгарии фахрии Тоҷикистон иқдоми муҳим дар масири густариши муносибатҳо миёни ду давлат мебошад. Ӯ изҳор намуд, ки ин ниҳод ба тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ, ҷалби сармоя, рушди сайёҳӣ ва табодули фарҳангӣ саҳм хоҳад гузошт.
Дар маросими ифтитоҳи расмии он ҳамчунин Вазири молия ва иқтисоди Ҷумҳурии Мухтори Адҷария Ҷаба Пхуткарадзе, шаҳрдори Батуми Арчил Чиковани ва муовини ӯ, Раиси Шӯрои маҳаллӣ Сулико Тебидзе, консулҳои генералии Озарбойҷон, Туркия, Эрон, Украина, Арманистон, консулҳои фахрии Қазоқистон ва Австрия, вакилони парлумони Гурҷистон Анзор Болквадзе, Тите Арошидзе ва Ресан Конселидзе, намояндагони доираҳои тиҷоратӣ, илмӣ ва ҷамъиятӣ, инчунин намояндагони ВАО ширкат варзиданд.