Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Федератсияи Русия барномаи фарҳангӣ баргузор гардид…
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Федератсияи Русия барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Бо ибтикори Қабулгоҳи ҷамъиятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз чойхонаҳои миллии тоҷикӣ ҳамоиши идонаи фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш ҳамватанони бурунмарзӣ, аҳли илму адаб, муҳоҷирони меҳнатӣ ва дӯстдорони суруду таронаҳои дилнишин иштирок намуданд. Ҳамчунин барномаи рангини аҳли фарҳанг манзури тамошобинон гардонида шуд.

