Дар Вашингтон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон…

Дар Вашингтон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид

9 сентябр дар шаҳри Вашингтон бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Таъкид гардид, ки новобаста ба мушкилоти солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва таъсири омилҳои беруна, бахусус буҳронҳои глобалии иқтисодию молиявӣ ва шиддат гирифтани вазъи геосиёсии ҷаҳон Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва баланд бардоштани нуфузи байналмилалии кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE