Нархи ангишт дар бозори иқтисоди кишвар гарон шуд
Давоми соли 2021 Тоҷикистон аз ҷиҳати рушди саноат дар миёни давлатҳои ИДМ ҷои аввалро ишғол кардааст, ки дар ин миён афзоиши истихроҷи ангишт таъсиргузор аст. Тавре масъулини вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳанд, бо дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат ҳамасола истихроҷи ангишт дар кишвар бештар карда шуда, содироти ин маҳсулот низ бамаротиб афзоиш меёбад. Аммо масъалаи нигаронкунанда боло рафтани нархи он нисбати солҳои қаблист, ки барои аҳолӣ мушкилот эҷод мекунад. Мавзӯи мазкурро ҳамкорамон Миҷгона Раҳмонзода пайгирӣ намудааст.
Давоми як соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 38,8 миллиард сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2020 23 дарсад зиёд мебошад. Дар афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ истихроҷ ва коркарди ангишт саҳми назарас дорад. Афзоиши истихроҷ ва содироти ангишт аз кишвар бевосита бо дастуру супоришҳои роҳбарияти давлат ва ҳукумати кишвар амалӣ карда мешавад. Зимнан ба изҳори директори агентии содирот Шавкат Бобозода маҳз ин таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат аст, ки нишондодҳо дар ин самт бамаротиб афзоиш ёфтаанд.
Бино ба маълумоти масъулини агентӣ соли 2021 33,8 ҳазор тонна ангишт ба маблағи 607,4 ҳазор доллар ба давлатҳои Афғонистон, Покистон, Узбекистон ва Қазоқистон содирот шудааст. Ангишт ба ин давлатҳо нисбат ба соли 2020 10 маротиба зиёдтар содирот шудааст, зеро соли 2020 ҳамагӣ 3 ҳазор тонна ангишт содирот шуда буд. Ба гуфтаи Шавкат Бобозода пас аз омузишу таҳлили ҳаматарафаи масъула содироти ангишт ҳачунин ба кишвари Туркия низ ба роҳ монда хоҳад шуд.
Масъалаи нигаронкунанда он аст, ки имсол новобаста ба бамаротиб бештар кардани истихроҷи ангишт, нархи он қариб ду баробар афзоиш ёфтааст. Ба таъкиди масъулин бештар кардани содироти ангишт ба нархи он дар бозори дохилиӣ ҳеҷ таъсире намерасонад. Аммо чанд омили дигар аст дар муносибатҳои иқтисодӣ, ки ба ин нархгузорӣ таъсир мегузорад.
Ҳукумати кишвар, ки рушди саноати ангиштро дар ҷумҳурӣ дастгирӣ мекунад, гузариши ҳамаҷониба ба ин намуди сӯзишвории маъданиро «талаботи замон» номида, изҳор медорад, ки бидуни истифодаи ангишт дар бахшҳои энергетикӣ ва саноатӣ дурнамои рушди кишвар ғайриимкон аст.Тибқи маълумоти расмӣ, дар Тоҷикистон зиёда аз 36 кон ва зуҳуроти ангишт мавҷуд аст, ки ҳамаи намудҳои ин навъи сӯзишвории сахти истихроҷшавандаро дороянд. Захираи умумии ангишт дар ҷумҳурӣ аз 4 миллиард тонна зиёд аст.
Мижгонаи Насриддин,
Садои Душанбе