Коҳиш ёфтани никоҳи хешу табори наздик дар кишвар
Солимии миллат, бойигарии ҳар давлат маҳсуб ёфта, бо ин максад шурӯъ аз 1 июли соли 2016 дар мамлакат издивоҷи фарзандони хешовандони наздик расман манъ карда шудааст. Табибон мегуӯянд дар пайи корҳои тарғиботию амалӣ мушоҳидаҳо баёнгари он аст, ки солҳои охир никоҳи хешутабори наздик дар кишвар қариб, ки аз байн рафтааст. Ҳамкорамон Точддин Сатторзода мавзуъро пайгирӣ намудааст:
Табибон исбот кардаанд, ки агар бемории генетикӣ дар ҷисми зану шавҳар вуҷуд дошта бошад, пас он боиси таваллуди кӯдаки носолим мегардад. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки бемории генетикӣ бемории наслӣ буда, дар ҳолати издивоҷи хешу таборони наздик метавонад боиси таваллуди тифли носолимдар оилахо гардад. Махфират Бадалова гиникологи Маркази саломатиии шахрии № 13-и шахри Душанбе мегуяд, пешгири аз издивочи хешутабории наздик дар кишвари мо саривакти буда, хар як чавоне, ки мехохад оилаи солим бунёд намояд бояд пеш аз никох аз муоинаи хатмии тибби гузарад.
Бояд гуфт, ки Қарори ҲҶТ аз 23 августи соли 2016 «Дар бораи қоидаҳои гузаронидани муоинахои тибби – хатмии шахсони никоҳшаванда» аз тадбирҳои Ҳукумати малакат мебошад, ки дар самти пешгирӣ аз никоҳи хешутабории наздик ва паёмади он ба насли ояндаи миллат равона карда шудааст.Мутахасиси Маркази саломатиии шахрии № 13-и шахри Душанбе Махфират Бадалова бар он бовараст, ки оилаҳое, ки аз хешу табори наздик ташкил гардидаанд, хавфи инкишоф наёфтани кӯдак ҳангоми ҳомиладорӣ ва бо нуқси модарзотӣ тавалуд шудан ва фавти он нисбат ба дигар оилаҳо ду маротиба зиёдтар будааст.
Дар доираи қонун муоинаи никоҳшавандаҳо дар ҶТ ройгон пешбинӣ шудааст. Аз ин хотир ҳар нафар мебояд пеш аз ташкили оилаи худ аз ин муоина гузашта худро ба ташкили оилаи солим омода намояд. Ба маълумоти мутахасисони тиб ҳанӯз хам ҳолатҳои кушиши никохи хешутабории наздик дар кишвар ба мушохида мерасад.Табиби бомориҳои занонаи Маркази саломатиии шаҳрии № 13-и шаҳри Душанбе Махфират Бадалова мегуяд зимни муоинаи никоҳшавандон табибон дар ин кор ҷиддӣ муносибат менамоянд, зеро ояндаи солимии милат аз солимии навхонадорон вобаста аст.
Коршиносон дар пайи омӯзиши никоҳи хешутабории наздик ба хулосае омадаанд, ки ҳуҷайраҳои носолими дар ҷисми падару модар маҳфуз буда дар ҷисми кӯдак фаъол мегарданд ва чунин ҳодиса бештар дар издивоҷи хешутабории наздик ба назар расидааст. Ба андешаи табибон ҳар қадар шумораи издивоҷи хешутаборӣ зиёд гардад, ҳамон қадар хатари таваллуд шудани кӯдакони носолим зиёд мешавад. Бинобар ин, дар баробари Тоҷикистон дар аксари кишварҳои дунё имруз издивоҷи хешутабории наздик,дар дараҷаи якум мамнӯъ эълон карда шудааст.
Тоҷиддин Сатторов
Садои Душанбе