Комиссияи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Панҷ зарари аз сел расидаро муайян менамояд
Соати 01:30-и вақти маҳаллии 4 апрел дар натиҷаи боронҳои пуршиддат дар деҳаҳои Селга ва пахтакори Ҷамоати деҳоти Сайфиддин Кабуди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон сели азим омада, таҳхонаи биноҳои истиқоматии сокинон, қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои киштро зери об кард. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бо мақсади таъмини бехатарӣ Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Панҷ 15 хонаводаеро, ки дар селроҳа маскан доштанд, муваққатан ба ҷойи бехатар интиқол дод.
Ҷиҳати роҳандозии корҳо барои рафъи пайомадҳои офати табиӣ гурӯҳи корӣ бо сарварии муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Сулаймон Исозода ба ноҳияи Панҷ рафта, ҳамзамон дар минтақаи офат Комиссияи вилоятии ҳолатҳои фавқулода таҳти роҳбарии раиси вилоят Давлаталӣ Саид фаъолият дорад.
Барои сари вақт бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ қувваҳои зарурӣ фиристода шудаанд.
Дар айни замон корҳои барқарорсозии харобиҳои сел оғоз шудаанд. Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Панҷ ҳаҷми зарари расидаро муайян мекунад. Дар натиҷаи офат ҳалокати одамон ба қайд гирифта нашудааст.