Тафсир: Обхезии шадид дар таърихи Покистон боиси ҳалокати ҳазорон нафар гардид

Боронҳои шадиди чанд моҳи охир боиси омадани сели шадиду харибиовартарин дар Покистон гаштааст, ки дар паи он ҳазорон нафар бехонумон мондаву қурбон гаштаанд. Ба изҳори масъулини ҳукумати ин кишвар сеяки хоки Покистон зери об мондааст. СММ аллакай дар бораи ҷудо кардани 3 миллион долар эълон кардааст. Дар робита ба ин роҳбарияти ҳукумати кишварҳову созмонҳои байналмиллалӣ ба мардум ва роҳбарияти Покистон изҳори ҳамдардӣ баён намудаан. Тафсилоти бештари мавзуъ дар пешниҳоди Мижгонаи Насриддин.То имруз сеяки хоки Покистон зери об мондааст, омадааст дар  изҳороти вазири муҳити зисти ин кишвар. Тибқи изҳороти мазкур боришҳои чанд моҳи охир, манотиқи васеъро зери об монда, боиси омадани селҳои зиёд дар ин кишвар гардидааст. Аллакай беш аз ҳазор нафар қурбонии унсурҳои табиӣ шудаанд ва дар маҷмӯъ ҳавои номусоид ба ҳаёти 33 миллион покистонӣ осеб расонидааст. Аз ҷиҳати миқёс — на аз рӯи шумораи қурбониён — обхезиро аллакай дар таърихи ин кишвар бузургтарин обхезӣ меноманд. Зиёда аз 900 ҳазор хона вайрон ва хароб гардидаанд. Наҷотдиҳандагон то ҳол ба бисёр минтақаҳо расида наметавонанд. Гурезагон ба кумаки моддӣ, озуқа ва оби тоза ниёз доранд. Вазъияти санитарӣ низ ташвишовар арзёбӣ мегардад, зеро обхезии шадид боиси хуруҷи бемориҳои сирояткунанда мегардад. Чанд рӯз пеш мақомоти Покистон бо дархости кумак ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат карда буданд. Теъдоди қурбониёни обхезӣ дар Покистон аз ҳазор нафар бештар шудааст. Миллионҳо одамон бехонумон монданд. Дар баробари ин хабар дода мешавад, ки 80 ҳазор гектар замини хоҷагии қишлоқ хароб шудааст. Обхезиҳои фалокатбор дар натиҷаи боришоти муссонӣ, ки аз нимаи моҳи июн дар ин кишвар идома доранд, ба вуҷуд омадааст. Мақомоти Покистон вазъияти фавқулода эълон карда, барои кумак ба дигар давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ муроҷиат кардаанд. Вилоятҳои Синд ва Балуҷистон аз обхезӣ бештар зарар диданд. Дар робита ба ин сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф, изҳор доштааст, ки ҳукумат барои бозсозӣ ба вилояти Балуҷистон 10 миллиард рупий (45 миллион доллар) ихтисос хоҳад дод. Идораи миллии мубориза бо офатҳои табиӣ тарҳеро барои ҳимоят аз ин минтақа таҳия хоҳад кард. Мақомоти Покистон ин ҳодисаро “бадтарин офати башарӣ дар даҳсола” хонда, аз эҳтимоли обхезии нав дар ҷануби кишвар ба далели обхезии рӯдхонаҳо ҳушдор медиҳанд. Зимнан дар ин робита шоми дируз Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Ориф Алвӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он аз хабари фавти шумораи зиёди одамон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон бар асари обхезиҳои харобиовари ахир изҳори андӯҳи бепоён баён карда шудааст. Ҳамчунин дар барқия сарвари давлати Тоҷикистон ба аҳли хонавода, ҳамаи пайвандону наздикони фавтидагон ва мардуми дӯсти Покистон таъзияи амиқ ва тасаллиятҳои сидқии худро иброз доштааст.

Раҳмонзода Мижгон,

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE