Завқӣ Завқизода ва намояндагони Бонки Исломии Рушд масоили мушкилоти ирригатсионии ноҳияи Панҷро баррасӣ намуданд
Масъалаҳои мушкилоти ирригатсионии ноҳияи Панҷ, вазъи пойгоҳҳои обкашӣ ва омода намудани ҷузъиёти техникӣ ҷиҳати таҳияи лоиҳаи «Барқарор намудани системаҳои обёрӣ ва сохтмони канализатсия дар ноҳияи Панҷ» зимни вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо, мудири кишварии Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд (БИР) аз Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо намояндагони Бонки Исломии Рушд Данияр Абилхан ва Данияр Акбасов баррасӣ гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар вазорати мазкур хабар доданд, зимни вохӯрӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти идомаи корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ масъалаҳои мушкилоти ирригатсионии ноҳияи Панҷ, вазъи пойгоҳҳои обкашӣ ва омода намудани ҷузъиёти техникӣ ҷиҳати таҳияи лоиҳаи «Барқарор намудани системаҳои обёрӣ ва сохтмони канализатсия дар ноҳияи Панҷ» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
З. Завқизода зикр намуд, ки «яке аз мушкилоти аввалиндараҷаи сокинони ноҳияи Панҷ- ин норасоии оби полезӣ ва қисман нӯшокӣ ба ҳисоб рафта, барқарор кардани инфрасохтори ирригатсионии ин заминҳо барои таъсиси ҳазорҳо ҷойи кор, бамаротиб зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти озуқа, даромади буҷет ва дар маҷмӯъ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии 124 ҳазор нафар сокинони ноҳия мусоидат мекунад».
Ҳамзамон зимни вохӯрӣ масъалаҳои маблағгузорӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ баррасӣ шуданд.
То имрӯз аз ҷониби Гурӯҳи БИР 86 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 641 млн доллар дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ шуда, дар айни замон 23 лоиҳа ба маблағи 285 млн доллар амалӣ мегарданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ Завқӣ Завқизода аз сатҳи баланди ҳамкорӣ бо Бонки Исломии Рушд изҳори минатдорӣ намуда, омодагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун баён дошт.