Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: Дар Тоҷикистон сатҳи камбизоатӣ дар 5 сол то 22,5% коҳиш ёфт

Имрӯз зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тазаккур доданд, ки дар 5 сол сатҳи камбизоатӣ дар кишвар то 22,5 % коҳиш ёфт.

«Дар 5 соли охир музди меҳнат 1,5 маротиба ва нафақа 1,3 баробар зиёд шуд. Сатҳи камбизоатӣ дар 5 сол аз 27,4 % то 22,5 % коҳиш ёфт», — таъкид доштанд Сарвари давлат.

Ёдовар мешавем, ки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ, таъмини рушди иқтисод, саноат, энергетика, нақлиёту коммуникатсия, амният, тартиботи ҳуқуқӣ, тандурустӣ, фарҳанг, илм, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, ҷавонон, варзиш, сайёҳиро муайян карда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас мегузоранд.

Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз Маҷмааи давлатии «Кохи Сомон» тавассути шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии давлатии Тоҷикистон мустақиман пахш гардида истодааст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE