Машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Гурҷистон
21 сентябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе машваратҳои сиёсии байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурҷистон таҳти роҳбарии муовинони вазирони корҳои хориҷии ду кишвар Содиқ Имомӣ ва Александр Хвтисиашвили баргузор гардиданд.
Ҷонибҳо масоили мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Гурҷистонро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар самтҳо, инчунин дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ муҳокима намуданд. Ҳамзамон перомуни масъалаҳои амнияти минтақавӣ табодули афкори муфассал сурат гирифт.
Тавофуқ ҳосил гардид, ки бо талошҳои муштараки мақомоти корҳои хориҷӣ ба равобити мутақобилан судманди Тоҷикистону Гурҷистон такони нав бахшида хоҳад шуд.