ҶАЛАСАИ КОМИССИЯИ БАЙНИҲУКУМАТИИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН БАРГУЗОР ГАРДИД…
ҶАЛАСАИ КОМИССИЯИ БАЙНИҲУКУМАТИИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН БАРГУЗОР ГАРДИД
Дар меҳмонхонаи «Crowne Plaza Dushanbe»-и шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид.
Зимни ҷаласа вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷонибҳо масъалаҳои тавсеаи муносибатҳои тиҷоратӣ, ҷалби сармоягузорӣ, рушди ҳамкориҳои саноатӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро баррасӣ намуданд.
СалмонСултонзода
СадоиДушанбе

