МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН – ҒОЛИБИ МУСОБИҚАИ «KING’S CUP 2022»!
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт барандаи 48-умин мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022» шуд, ки дирӯз дар Тайланд ба поён расид.
Дар бозии ниҳоӣ мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Малайзия рақобат кард. Вақти асосии вохӯрӣ мусовӣ – 0:0 анҷом ёфт. Дар силсилазарбаҳои пеналтӣ футболбозони мо маҳорати баланд нишон дода, бо ҳисоби 3:0 пирӯзӣ ба даст оварданд. Дарвозабони мо Рустам Ятимов ду пеналтиро баргардонд.
48-умин мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022»
Финал
Малайзия – ТОҶИКИСТОН – 0:0. Аз рӯйи силсилаи пеналти – 0:3
Беҳтарин бозигари бозӣ: Рустам Ятимов (Тоҷикистон).
25 сентябр. Чиангмай, Тайланд. Варзишгоҳи «The 700th Anniversary of Chiang Mai».