Саидзода Раҳим: Ҳоло дар мамлакат 3940 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фаъолияти нимсолаи якуми соли 2022 натиҷагирӣ намуд. Дар нишаст роҳбарияту кормандони ин ниҳод ва рӯзноманигорон ширкат намуданд. Дар ҷараён Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро зикр дошт, ки соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки давлату Ҳукумат ба ҳисоб рафта, ҳамасола барои рушди соҳа аз ҷониби роҳбарияти олии мамлакат имтиёзу дастгириҳо анҷом дода мешавад. Бино ба зикри Вазир, ҳоло дар мамлакат 3940 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият менамояд, ки дар онҳо 128827 нафар омӯзгор (80170 зан) ба таълиму тарбия машғуланд. Аз шумораи умумии омӯзгорон 98 752 нафар (58030 зан) – 76,7% дорои таҳсилоти олӣ, 28 095 нафар (20549 зан) – 21,8% дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 1980 нафар (1591 зан)–1,5% бо таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд. Нишондиҳандаи таҳсилоти омӯзгорон нисбат ба соли таҳсили гузашта тағйир ёфта, омӯзгорон бо таҳсилоти миёнаи касбӣ 1,4% кам ва бо таҳсилоти олии касбӣ 1,3% зиёд гардидааст. Инчунин, дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 2 195 619 нафар (1059743 духтар) хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст…
Ба сулои рӯзноманигорон, ки то чӣ ҳад шароити таълиму тарбия барои тарбиятгирандагони синни томактабӣ дар кишвар таъмин шудааст ва то куҷо метавонад муассисаҳои томактабӣ дар рақобат ба таълимоти сатҳи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ бошад, Саидзода Раҳим Ҳамро Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон посух дод, ки айни ҳол дар ҷумҳурӣ 696 муассисаи томактабӣ – дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 26 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 2073 кӯдак, дар вилояти Хатлон 159 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 17419 кӯдак, дар вилояти Суғд 278 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 42239 кӯдак, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 83 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 9207 кӯдак ва дар шаҳри Душанбе 150 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 30232 кӯдак фаъолият намуда, дар муқоиса ба нимсолаи якуми соли 2021 (681) 21 муассиса зиёд мебошад. Дар баробари ин, дар ҷумҳурӣ 1810 маркази инкишофи кӯдак (Душанбе-17, НТҶ-277, ВМКБ-284, Суғд-382, Хатлон850) фаъолият менамояд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2021 (1764) 46 муассиса зиёд мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки сатҳи дониш ва қобилияти хонандагони муассисаҳои таълимии мамлакат новобаста ба шаклу хусусияташон сол аз сол боло рафта истодааст. Намунаи онро мо дар иштироки муҳассилин дар олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ метавонем мушоҳида намоем. Аз ҷумла дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 8419 нафар хонандаи тоҷик дар 11 олимпиадаи байналмилалӣ мустақиман ва тариқи фосилавӣ аз фанҳои математика, физика, химия, табиатшиносӣ ва забони англисӣ дар давлатҳои Амрико, Венгрия, Италия, Словения, Босния-Герсеговения, Қазоқистон ва Ӯзбекистон иштирок намуданд. Дар ин олимпиадаҳо хонандагони тоҷик дар миёни хонандагони давлатҳои пешрафтаи дунё сазовори 1058 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла 140 медали тилло, 368 медали нуқра ва 550 медали биринҷӣ гардиданд.
Бахтовари Нуриддин
“Садои Душанбе”