САРФАКОРОНА ИСТИФОДА БУРДАИ НЕРӮИ БАРҚ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ
Новобаста ба сардии ҳаво давоми 5 рӯзи охир дар шаҳри Кӯлоб беш аз 110 ҳазор киловатт-соат неруи барқ сарфа гардидааст. Ин натиҷаи бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни муштариён аст, ки аз ҷониби гурӯҳҳои амалкунанда бо мақсади истифодаи сарфакоронаи неруи барқ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб анҷом дода мешаванд.
Ҳафтаи дуюм аст, ки дар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ҳавои сард ҳукмфармост ва сардии ҳаво шабона то 9 дараҷаи поёни сифр ва рӯзона то 3 дараҷаи поёни сифрро ташкил медиҳад. Дар ин рӯзҳо талабот ба неруи барқ барои гарм кардани хонаҳо афзоиш меёбад ва ба хотири сарфаи неруи барқ корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ идома доранд. Ба гуфти кормандони шабакаҳои барқӣ, суҳбату вохӯриҳо дар байни аҳолӣ самар дода истодаанд.
Гузаронидани ин тадбирҳо барои кам шудани садамаҳо дар зеристгоҳҳо ва хатҳои барқӣ низ мусоидат кардааст. Дар сехи таъмири трансформаторӣ кормандон трансформаторҳои эҳтиётиро таъмир карда истодаанд ва дар вақти рух додани садама трансформаторҳоро сари вақт иваз намуда, интиқоли барқро ба аҳолӣ барқарор месозанд. Шуъбаи навбатдории шабакаҳои барқӣ бо муштариён 24 соат дар тамос мебошад. Моҳи декабр муштариёни маишӣ 2 миллиону 700 ҳазор сомонӣ маблағи истифодаи барқ пардохт кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 500 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Кормандони шабакаҳои барқӣ дар баробари корҳои фаҳмондадиҳӣ инчунин санҷишҳои муштарак мегузаронанд.
Як қисми муштариён дар шаҳри Кӯлоб ба истифодаи ҳисобкунакҳои муосири кортӣ гузаштаанд ва маблағи истифодаи барқро пешпардохт мекунанд, ки ба пешрафти кори шабакаҳои барқӣ мусоидат менамояд. Ба гуфти кормандони шабакаҳои барқӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва санҷишҳо баҳри истифодаи сарфакоронаи неруи барқ дар оянда низ идома дода мешаванд.
АМИТ “Ховар”