Шумораи қурбониёни тирпаронӣ дар Ижевски Россия ба 17 нафар расид

Дирӯз, 26 сентябр дар яке аз мактабҳои шаҳри Ижевски Россия тирпарронӣ рух дода, шумораи қурбониёни ин ҳодиса ба 17 нафар расид.

«17 нафар, аз ҷумла 11 кӯдак ва 6 калонсол ба ҳалокат расиданд», — иттилоъ дод сомонаи роҳбари Удмуртия бо истинод ба маълумоти Кумитаи тафтишотӣ.

Мавриди зикр аст, ки субҳи 26 сентябр собиқ шогирди мактаби рақами 88-и шаҳри Ижевск, марди соли таваллудаш 1988, ба ин муассиса ворид шуда, тирпаронӣ ва сипас худкушӣ кардааст. Ба гуфтаи вазири маорифи Россия Сергей Кравтсов, ҷинояткор таҳти муроқибати равоншиносон қарор дошт ва аз бемории шизофрения ранҷ мебурд. Раиси Кумитаи сиёсати иттилоотии Думаи давлатии Россия Александр Хинштейн шарҳ дод, ки ҷинояткор бо ду таппончаи травматикии ба аслиҳаи ҷангӣ табдилдода мусаллаҳ буд.

Кумитаи тафтишотӣ аз рӯи моддаҳои «Куштори ду ё зиёда шахсон, аз ҷумла ноболиғ ё шахси дигар, ки баръало дар ҳолати оҷизӣ қарор доштани ӯ барои гунаҳгор аён аст ва бо усули дорои хатари умумӣ содир шудааст» ва «Муомилоти ғайриқонунии силоҳ» парванда боз намудааст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE