Байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Озарбойҷон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо мерасад

Рӯзҳои наздик ба имзо расонидани лоиҳаи Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Озарбойҷон дар назар дошта шудааст. Дар ин хусус зимни вохӯрии  роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо ҳайати Бонки марказии Озарбойҷон таҳти роҳбарии раиси бонки мазкур иттилоъ дода шуд.

Тавре дар Бонки миллӣ хабар доданд, дар мулоқот ба масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба ва муҳокимаи масири нави ҳамкории низоми бонкии Тоҷикистон ва Озарбойҷон таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Иброз гардид, ки маҳз ба шарофати рушди устувори иқтисодӣ ва шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон самтҳои афзалиятноки ҳамкории байнибонкӣ муайян гардиданд.

Роҳбарияти Бонки марказии Озарбойҷон зимни вохӯрӣ баён дошт, ки новобаста аз буҳронҳои иқтисодиву сиёсии ҷаҳони имрӯза, низоъҳои минтақавӣ ва таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ Бонки марказии Озарбойҷон тавонист соли 2022-юмро бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намояд.

Дар доираи ислоҳоти низоми бонкӣ Бонки марказии Озарбойҷон якчанд стратегия ва барномаҳо, аз қабили «Стратегияи рақобатпазирии иқтисодии кишвар барои то соли 2025», «Стратегияи рушди хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, «Барномаи дастгирии соҳибкории хурд ва миёна» ва «Рейтинги рақобатпазирии бонкҳо»-ро таҳия намуд.

«Бонки марказии Озарбойҷон омода аст, ки ҷиҳати табодули таҷриба дар ин самт бо Бонки миллии Тоҷикистон ҳамкории судманд ба роҳ монад», — изҳор гардид зимни мулоқот.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE