Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе собиқадорони соҳаи маориф қадрдонӣ шуданд
Бахшида ба Рӯзи омӯзгор бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва шуъбаи маорифи ноҳия барномаи фарҳангиву фароғатӣ доир гардид. Дар ҳамоиш раиси ноҳия Самӣ Шариф аҳли маорифи ноҳия ва омӯзгоронро ба муносибати Рӯзи омӯзгор ва Рӯзи забони давлатӣ табрик гуфта, ҷиҳати саҳми арзандаи онҳо дар рушду пешрафти соҳа ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим изҳори сипос намуд.
Зикр шуд, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соҳаи маориф ҳамеша аз самтҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоӣ қарор ёфта, барои татбиқи амалии он ва таъмин намудани шароити ҳарчи беҳтар барои омӯзгорон ва наслҳои наврас тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегарданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар баробари бунёди муассисаҳои муосири таълимӣ ҷиҳати дастгирӣ ва баланд бардоштани неруи зеҳнии омӯзгорон чораҳои зарурӣ амалӣ менамояд. Аз ҷумла, бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ «Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе барои солҳои 2019-2022» тасдиқ гардидааст. Низоми такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф яке аз қисматҳои муҳимтарини системаи таҳсил буда, дар баланд бардоштани сифати он ва инкишофи неруи зеҳнии омӯзгор нақши муайянкунанда дорад.
Дар фарҷоми ҳамоиш барои саҳмгузорӣ дар рушди маорифи миллӣ, баланд бардоштани сифати таҳсил ва беҳбуди сатҳи таълим як зумра собиқадорону омӯзгорони фаъол ва гирандагони аттестати аъло ва медали тилло бо “Ифтихорнома” ва “Сипоснома”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.