Ҳамкориҳои донишгоҳи Тоҷикистону Узбекистон вусъат меёбад

Намояндагони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (ДДОТ) ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишкадаи химия ва технологияи шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон  шартномаи ҳамкории дуҷониба ба имзо расониданд. Дар ин бора Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон хабар медиҳад.

4 январ муовини Ректори ДДОТ оид ба робитаҳои байналмилалӣ Рухшона Қурбонзода бо Директори маркази «Азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои педагогӣ»-и Донишкадаи химия ва технологияи шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Холтура Мирзакулов мулоқот намуд.

Дар ҷараёни мулоқот тарафҳо масъалаҳои марбут ба татбиқи лоиҳаҳои грантӣ, сафарбаршавии мутахассисон дар доираи барномаҳои таълимӣ ва илмӣ, мубодилаи мутақобилаи донишҷӯён, магистрантҳо ва аспирантҳо, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои амиқтар кардани донишҳои назариявӣ ва амалӣ, курсҳои омӯзишӣ, ташкили конференсияҳои муштарак, семинарҳо, симпозиумҳо, намоишҳо ва дигар шаклҳои ҳамкориро баррасӣ  карданд.

Акс: ДДОТ

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE