Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Вазири илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия Валерий Фалков мулоқот намуд
4 октябр мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Вазири илм ва таҳсилоти олии ФР Валерий Фалков баргузор гардид.
Зимни мулоқот рушди пайвастаи робитаҳои башардӯстона, аз ҷумла дар бахши маориф ва илм, ки дар муносибатҳои Тоҷикистон ва Россия ҷойгоҳи махсусро ишғол мекунад, зикр карда шуд.
Ҷонибҳо ҷараёни иҷрои тавофуқоти дар сатҳи президентҳои ду кишвар ҳосилшударо дар самти ҳамкории башардӯстона, аз ҷумла ифтитоҳи филиалҳои нави донишгоҳҳои Россия дар Тоҷикистон ба манзури омода кардани мутахассисони касбӣ, инчунин афзоиши теъдоди бурсияҳо барои донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Федератсияи Россияро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Мусоҳибон ҳамчунин дигар масъалаҳои муҳим ва дурнамои ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои маорифу илм, бахусус табодули донишҷӯён, омодасозии муштараки кадрҳои баландихтисоси илмию педагогӣ, инчунин эътирофи мутақобилаи унвону дараҷаҳои илмиро матраҳ намуданд.