Варзишгарони Тоҷикистон дар мусобиқаи дзюдо 3 медал ба даст оварданд

16 август, ду рӯз қабл аз анҷоми Бозиҳои 5-уми ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Қунияи Туркия варзишгарони Тоҷикистон дар мусобиқаи дзюдо 3 медал, аз ҷумла 1 нуқра ва 2 биринҷӣ ба даст оварданд. Шумораи медалҳои ҳайати олимпии Тоҷикистон ба 7 адад расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Медали нуқраро паҳлавони маъруфи кишвар Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90кг сазовор шуд. Комроншоҳ, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар намояндаи Эрон Сайидмуҳаммадризо Саидаминӣ, дар чорякфинал бар варзишгари мизбон Омер Айдин ва дар нимфинал бар ҷудочии Лубнон Карамноб Сагаипов ғолиб омад, вале дар финал аз намояндаи дигари мизбон Михаел Зганк мағлуб шуд.

Медалҳои биринҷиро Шодмон Ризоев дар вазни -81кг ва Абубакри Акобир дар вазни -100кг ба даст оварданд.

Шодмон дар даври дуюм намояндаи Тунис Ҳачем Селамми, дар чорякфинал дзюдочии овозадори узбек Шарофиддин Болтабоевро шикаст дода, ба нимфинал баромад. Дар ин давр Шодмон аз намояндаи АМА Нугзари Туталашвилӣ мағлуб шуд. Ӯ сипас дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм варзишгари қирғиз Асад Масабировро мағлуб кард.

Абубакр ҳам дар даври аввал озод буд ва дар чорякфинал бар намояндаи Қазоқистон Ислом Бозбоев пирӯз шуда, ба даври нимфинал баромад. Вале дар ин давр аз варзишгари Узбекистон Музаффарбек Турабоев мағлуб шуд ва барои ба даст овардани медали биринҷӣ варзишгари покистонӣ Қайсар Хонро мағлуб кард.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE