Вакилони Маҷлиси намояндагон дар иҷлосияи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок доранд

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода ва вакили Маҷлиси намояндагон Мавлудахон Мирзозода дар иҷлосияи 29-уми солонаи Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, ки аз 2 то 6 июл дар шаҳри Бирмингеми Британияи Кабир баргузор мегардад, иштирок доранд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.

Дар иҷлосияи мазкур масъалаҳои  сиёсӣ, башардӯстона, амнияти тамаркузшуда ва ҳамзамон масъалаҳои дигари муҳим, аз ҷумла барқарорсозии иқтисодиёт пас аз пандемияи COVID-19, муҳоҷират, вазъ дар Афғонистон, хариду фурӯши одамон дар иқтисоди ҷаҳонӣ,  киберамният ва киберҷиноят,  бехатарии ядроӣ ва манъи яроқи ядроӣ, ифлосшавӣ ва тағйирёбии иқлим, истиқлолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ, озодии ВАО ва мубориза бар зидди маълумоти бардурӯғ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Ёдовар мешавем, ки дар сессияи солона, шахсони олирутбаи Британияи Кабир ва САҲА иштирок мекунанд. Ба ғайр аз ҷаласаҳои пленариву умумии кумита дар он ҳамчунин ҷаласаи кумитаи доимии Ассамблея, вохӯриҳои сершумори дуҷониба ва чорабиниҳои иловагӣ баргузор мегарданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE