Ҳайати Қирғизистон ба Тоҷикистон омад

Ҳайати Қирғизистон дар Тоҷикистон қарор дорад. Намояндагони ҷумҳурии ҳамсоя ба Душанбе барои музокира бо ҳамкорон ворид шудаанд, хабар доданд дар Хадамоти матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд.

«Мавзӯи музокирот, ки 4 рӯз идома меёбанд, аломатгузорӣ (демаркатсия)-и марзи муштарак хоҳад буд», — таъкид карданд дар хадамоти матбуот.

Ёдовар мешавем, ки ҳудудҳои тақсимнашуда миёни ҷумҳуриҳо давра ба давра ба минтақаи низоъ табдил меёбанд. Сабаби асосӣ- қитъаҳои делимитатсиянашудае мебошанд, ки дар онҳо муайян кардани чӣ гуна гузаштани сарҳад имконнопазир аст.

Бори охир авзоъ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон 14-16 сентябр муташанниҷ гардид. Бар асари муноқишаҳои марзӣ аз ҷониби Тоҷикистон қариб 40 нафар, аз ҷумла ғайринизомиён кушта ва даҳҳо нафар маҷрӯҳ шуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE