Баррасии хатару таҳдидҳои низомӣ ба кишварҳои узви СААД дар нишасти навбатии вазирони мудофиа
24 май нишасти Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) дар шакли видео-конфронс баргузор гардbд, ки дар он ҷонибҳо хатару таҳдидҳои амниятиро баррасӣ намуданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти СААД дар сомонаи расмии худ иттилоъ додааст.
Нишасти мазкур таҳти раёсати вазири дифои Ҷумҳурии Арманистон Сурен Папикян сурат гирифт, ки дар доираи он иштирокчиёни ҷаласа хатару таҳдидҳо ба амнияти низомиро дар минтақаҳои амнияти дастҷамъии кишварҳои узви СААД баррасӣ карданд.
Ба иттилои манбаъ, дар кори ҷаласа роҳбарони вазоратҳои мудофиаи Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, дабири кулли СААД Станислав Зас ва сардори Ситоди муштараки СААД, генерал-полковник Анатолий Сидоров иштирок доштанд. «Зимни ҷаласа нақшаи омодагии муштараки мақомоти фармондеҳӣ ва ташкили қувваҳою воситаҳои системаи амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ барои соли 2023, лоиҳаи қарорҳои мақомоти оинномавӣ оид ба ташкили муштараки ҳифзи радиатсионӣ, кимиёвию биологӣ ва таъминоти тиббии СААД баррась шуд», – навиштааст хадамоти матбуоти СААД.
Ҳамчунин ҷонибҳо ҳуҷҷатҳо оид ба «такмили фармондеҳӣ ва назорати неруҳо (қувваҳои дастҷамъӣ)-и СААД ва тарҳи қарорҳои Шӯро оид ба муносибатҳои байналмилалӣ дар бораи созмони таҳқиқотии бунёдии кишварҳои узви СААД дар заминаи таҳқиқоти рушди мушкилоти муборизаи радиоэлектронӣ ва ташкилоти асосии таълимию методии тайёр кардани кадрҳои ҳарбӣ аз рӯи ихтисосҳои чангҳои радиоэлектрониро баррасӣ карданд».