Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард

Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенкоро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

Дар доираи сафари расмӣ мулоқоти хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, инчунин музокироти сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои васеъ дар назар аст.

Интизор меравад, ки сарони давлатҳо натиҷаҳо ва нақшаҳои минбаъдаи рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, истеҳсолӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва ҳамгироии сармоягузориро баррасӣ намоянд.

Дар анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ ба имзо расонидани якчанд санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ дар назар аст.

Инчунин мулоқоти Александр Лукашенко бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар назар аст.

Дар ҷараёни ин сафар дар Душанбе бо ширкати соҳибкорони ду кишвар ҳамоиши тиҷоратӣ баргузор мешавад, ки дар он молу маҳсулоти Беларус ба намоиш гузошта мешаванд. Зимни ин чорабинӣ соҳибкорони Тоҷикистон метавонанд бо намояндагони ширкатҳои Беларус шартнома банданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE