Ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Корея

Дирӯз, 20 октябр дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея ҷаласаи панҷуми комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Корея оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ таҳти ҳамраисии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва муовини Вазири корҳои хориҷии Корея баргузор гардид.

З. Завқизода зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тақвияти ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо Кореяи Ҷанубӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.

Дар ҷаласа ба ҷониби Кореяи Ҷанубӣ барои маблағгузории соҳаҳои иқтисоди миллӣ, шомил намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯйхати кишварҳои афзалиятнок барои сармоягузорӣ дар панҷ соли оянда ва таъсиси намояндагии доимии KOICA дар Тоҷикистон минатдорӣ баён гардид.

 Илова бар ин аз ҷониби Кореяи Ҷанубӣ дархост гардид, ки бо назардошти имконияти васеи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ашёи хоми фаровон, қувваи кории рақобатпазир ва «энергияи сабз»-и арзон барои таъсиси корхонаҳои истеҳсоли мошинҳо ва таҷҳизоти электрикӣ, батареяҳо, маҳсулоти фармасевтӣ, коркарди нахи пахта ва пӯсту пашм, маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла моҳипарварӣ мусоидат намоянд.

Ҳамзамон дар ҳошияи ҷаласаи Комиссия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни ҶДММ «Корпоратсияи моҳии тоҷик» ва ширкати инноватсионии «НеоЕнБиз» – и Кореяи Ҷанубӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти моҳипарварии ҳушманд ба имзо расонида шуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE