Дар Душанбе тавақуфгоҳи мошинҳои мусофирбари шаҳру ноҳияҳои Суғд тағир ёфт

Шурӯъ аз имрӯз макони мошинҳои мусофиркашоние, ки ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд сафар мекунанд, аз терминали Маром ба гузаргоҳи Чорбоғ кучонида шуд. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи раиси  шаҳри Душанбде ба радиои “Садои Душанбе” хабар доданд.

Чуноне ки иттилоъ додан мақсад аз ивазнамоии макони мошинҳои мусофиркашонӣ ин беҳбуди вазъ дар роҳҳо ва ҷилавгирӣ аз тамбашавии мошинҳо дар назди дарвозаҳои пойтахт арзёбӣ гардид. Пеш аз ин ронандагони мусофиркашонӣ  дар терминали Маром тавақуф менамуданд. Дар ин росто барои роҳати шаҳрвандон хатсайрҳои нақлиёти мусофирбарии шаҳрӣ то терминали нав дароз карда шуданд. «Аз ҷумла, аз 21 октябр истгоҳи ниҳоии микроавтобусҳои №52, №19 ва автобусҳои №3, №29 ва №41 дар терминали нави Чорбоғ хоҳад буд», иброз доштанд аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи раиси  шаҳри Душанбе.

Акс аз манъбаҳои боз

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE