Гурӯҳҳои кории вилояти Бадахшон бо мақсади иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба шаҳру ноҳияҳои дурдаст сафар намуданд
Бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мақсади иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ гурӯҳҳои корӣ таъсис шуда, ба шаҳру ноҳияи вилоят сафар намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини раиси вилоят Абдулназар Абдулназарзода пас аз мулоқот бо сокинони деҳоти ноҳияи Ишкошим ба ноҳияи Шуғнон сафар намуд. Дар маркази маъмурии ноҳияи Шуғнон- шаҳраки Ваҳдат бо гурӯҳи хонандагону омӯзгорон, ҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеа перомуни нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва иҷрои нишондиҳандаҳои он мубодилаи афкор доир шуд.
Изҳор гардид, ки дар Паёми Президенти Точикистон ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, амалӣ намудани корҳои созандагию бунёдкорӣ бо мақсади рушди маҳал, тарбияи насли ҷавон дар руҳияи донишомӯзӣ, баланд бардоштани эҳсоси ватанпарастӣ ва омода будан ба хизмати Ватан- Модар, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Зимни суҳбат муовини раиси вилоят аз омӯзгорону волидон даъват намуд, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти бештар диҳанд ва нагузоранд, ки онҳо бо ҳар гуна гурӯҳҳои шубҳаноку иғвоангез робита ё ҳамкорӣ намоянд. Албатта, шабакаҳои иҷтимоӣ чун дигар паҳлуҳои зиндагӣ ҷиҳатҳои мусбат ва манфӣ доранд.
«Боиси таассуф аст, ки иддае аз наврасон ва ҷавонон ба ҷои истифода аз имконияти шабакаҳо ба хотири баланд бардоштани сатҳи ҷаҳонбинӣ, ба даст овардани маълумоти иловагӣ доир ба техникаву технологияи муосир, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бараъкс ба доми гурӯҳҳои ифротӣ афтода, «мағзшӯӣ» мешаванд ва ҳаёти ояндаашонро зери хатар мегузоранд. Бинобар ин волидон бояд ҳамеша саҳифаҳои интернетии фарзандонашонро назорат намуда, ба онҳо маслиҳат диҳанд, ки аз кадом сомонаю саҳифаҳо истифода баранд ва аз кадомашон дурӣ ҷӯянд.
Дар шароити муосир амнияти иттилоотӣ яке аз ҷузъҳои муҳими амнияти миллии ҳар мамлакат шумурда мешавад ва давлат низ бо мақсади ҳифзи амнияти шаҳрвандонаш тарз, шеваву усулҳои истифодаи технологияи муосирро назорат менамояд. Онҳое, ки аз чаҳорчӯби қонун, одобу ахлоқи инсонӣ берун по мегузоранд, ба ҷавобгарии маъмурию ҷиноятӣ кашида мешаванд»,-иброз дошт Абдулназар Абдулназарзода.
Ҳайати гурӯҳи корӣ изҳор дошт, ки моҳи ноябри соли равон сокинони мамлакат 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд. Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ дар бораи аҳаммияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар истиқрори истиқлол ва сулҳу субот ёдоварӣ намуда, изҳор доштанд, ки «маҳз бо амалӣ намудани меъёрҳои ин санади муҳими ҳуқуқӣ имкон фароҳам шуд, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем, барои ҳар шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона муҳайё созем».
Бинобар ин Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки соли 2024 ба ифтихори 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шавад.
Сафари аъзои гурӯҳ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят идома дорад.