Дар Душанбе оид ба вазъият ва дурнамои бахши китобҳои нодир дар ҷаҳони муосири иттилоотӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ дар мавзӯи «Вазъият ва дурнамои бахши китобҳои нодири китобхонаҳо дар ҷаҳони муосири иттилоотӣ» ҳамоиш доир шуд.
Директори китобхона Ҷумъахон Файзализода иброз дошт, ки дар тамоми китобхонаи ҷаҳон китобҳои нодир нигаҳдорӣ мешаванд. Дар Китобхонаи миллӣ низ китобҳои нодире мавҷуданд, ки муҳимтарин сарчашмаҳои онҳо адабиёти таърихӣ ва мардумшиносӣ мебошанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки китобҳои нодиру таърихиро бо дарки баланди масъулият ва худшиносӣ аз сари нав бо тарзу усули замонавӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, барои муаррифии онҳо чораҳои зарурӣ амалӣ намоем.
Дар ҳамоиш маърузаҳои устоди Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон Сайдалӣ Муҳиддинов дар мавзӯи «Зарурати созмондиҳии фондҳои депозитарӣ дар китобхонаҳои ҷумҳурӣ», Директори Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии АМИТ Шодимуҳаммад Сӯфизода оид ба «Китоби нодир дар ҷаҳони муосир: интихоб, нигоҳдорӣ ва истифодаи он», сармутахассиси Маркази тоҷикшиносии Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» Ҷӯрабой Раҷабов дар мавзӯи «Мафҳуми китоб дар фарҳанги мардуми тоҷик» шунида шуданд.