Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ минбаъд 6 май таҷлил мегардад

Имрӯз таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагон, даъвати шашум баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» мавриди баҳрабардории вакилони мардумӣ қарор гирифт.

Таъкид карда шуд, ки мувофиқи лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда ба моддаи 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» сархати бисту чорум илова гардида, тибқи он минбаъд 6 май ҳамчун «Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ» муайян карда мешавад.

Дар ин замина муайян намудани Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ имконият фароҳам меорад, то даҳҳо ҳазор кормандони соҳаҳои гуногун, ки бевосита бо маълумоти дорои сирри давлатӣ сару кор доранд, иди касбиро ҷашн гирифта, дар ҳошияи он ҳамасола масъалаҳои мубрами соҳаи мазкурро баррасӣ ва ҳал намоянд.

Ҳамзамон вакилон лоиҳаи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисмҳои якум, дуюм ва сеюмро мавриди баррасӣ қарор доданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE