Таҷдиди қитъаи Қизилқалъа-Бохтар-идомаи роҳи мошингарди Душанбе-Бохтар ба анҷом мерасад

Марҳилаи сеюми татбиқи лоиҳаи «Таҷдиди қитъаи Қизилқалъа-Бохтар, идомаи роҳи мошингарди Душанбе-Бохтар», ки 9,2 километрро ташкил медиҳад, бо назардошти васеъкунии роҳ дар чор хатти ҳаракат дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад,  хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокмияти давлатии вилояти Хатлон.

Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо ҷараёни корҳои вобаста ба таҷдиди қитъаи Қизилқалъа-Бохтар дар роҳи  мошингарди Душанбе-Бохтар шинос шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки шоҳроҳи мазкур дар заминаи татбиқи ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон, яъне раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ бунёд гардида, дар навбати аввал бештар аз 75 км роҳ, шуруъ аз шаҳри Душанбе то пули дарёи Вахш, воқеъ дар ноҳияи Хуросон таҷдиду навсозӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд.

Бояд гуфт, ки сохтмончиён бо имкониятҳои хуби маблағгузорӣ дар доираи амалишавии лоиҳаи мазкур, махсусан ёддошти тафоҳум ва созишномаҳои грантӣ бо маблағи умумии 3 миллиарду 349 миллион ени японӣ (тақрибан 31 миллиону 829 ҳазор доллари амрикоӣ) бунёди роҳро ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои стандарти ҷаҳонӣ ба анҷом расониданд.

Сохтмони роҳи  мошингарди Душанбе-Бохтар ҳамкории иқтисодии минтақаи Осиёи Марказиро бештар намуда, Тоҷикистонро бо кишварҳои минтақа ва бандарҳои баҳрӣ пайваст мекунад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE