Дар Хатлон нуқтаи тиббӣ барои паноҳандагони эҳтимоливу зарардидагони офатҳои табиӣ ба истифода дода шуд

 Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон маркази ҷойгирии муваққатии паноҳандагони эҳтимолӣ ва онҳое, ки бар асари офатҳои табиӣ зарар дидаанд, нуқтаи тиббӣ баъди таъмир ба истифода дода шуд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар маросими ифтитоҳи он намояндагони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ таҳти раёсати Департаменти дастгирии кишварҳо, омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаи Дафтари аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Гундо Уэйлер ва роҳбарону намояндагони созмонҳои байналмилалии муқими кишвар ширкат намуданд.

Муовини аввали Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Ҳотамшо Латифзода намояндагонро бо нуқтаи тиббӣ шинос намуда, санади супурдани биноро бо Гундо Уэйлер имзо намуданд.

Ин нуқтаи тиббӣ дар доираи ҳамкории байналмилалии Кумита бо шарикони рушд дар самти коҳиши хатари офатҳо сохта шуд.

Ин нуқта имкон медиҳад, ки дар сурати сар задани офати табиӣ ё дигар ҳолатҳои фавқулодда тақрибан 100 оилаи аз манзил ва амволи худ маҳрумшуда бо ҳадди ақали ашёи зарурӣ: хайма, дорухонаи шахсӣ, зарфҳои об, бастаҳои беҳдоштӣ, болишту кӯрпа ва маҷмаъаҳои ошхонаӣ таъмин бошанд.

Ҳамчунин бо оби нӯшокӣ, неруи барқ, ҳаммом ва ҳоҷатхонаву дигар ҷиҳози зиндагӣ таъмин аст.

АКС: КҲФ ва МГ

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE