Футболбози беҳтарини сол-2022 муайян мешавад

Федератсияи байналмилалии футбол  дар сомонаи расмии хеш оғозёбии овоздиҳӣ барои гирифтани унвони беҳтарин бозигари соли 2022-ро эълон намудааст. Шомили ин рӯйхат ҳамлавари   «Реал» Карим Бензема -дорандаи феълии “Тӯби тиллоӣ”, беҳтарин бозигари чемпионати ҷаҳони дар Қатар, ҳамлагари мунтахаби Аргентина ва «ПСЖ» Лионел Месси  ва ҳамчунин нишонзани беҳтарини ҶҶ-2022, футболбози мунтахаби Фаронса Килиан Мбаппе гардидаанд. 

Барои ба даст овардани унвони беҳтарин футболбози соли 2022, ки ҳамакнун Федератсияи байналмиллалии футбол муайян намудаааст, ҳамлагари асоси ва капитани дастаи Аргентина Леонил Месси, ҳамлагари мунтахаби Фаронса Клиан Мбапе ва футболбози дигари фаронсавӣ ҳамлагари тими Реали Мадрид Карим Бензема талош хоҳанд кард. Албатта фаъолияти ин футболбозон дар мавсими соли 2022 хеле назарас буд, вале аз ҳама бештар дастоварадҳои Леонил Месси ҳам барои худи ӯ ва ҳам барои мухлисонаш боиси таъкид аст. Ҳеҷ ҷои шак дар беҳтарин футболбоз будани Месси нест, махсусан пас аз он ки дар соли сипаришуда ин футболбоз бо нишон додани беҳтарин бозӣ дар Ҷоми Ҷаҳон 2022 дар Қатар тавонист Ҷоми ҷаҳон ва унвони қаҳрамониро ба даст орад. Карим Бензема ҳарчанд натавонист шарафи мунтахаби Фаронсаро дар ҶҶ муҳофизат кунад, аммо мавсими гузашта дар ҳайати Реал Мадрид беҳтарин нишондодҳоро ба даст овард. Вале гумон намекунам, ки ин рақамҳо барои ба даст овардани унвони беҳтарин футболбози сол кифоят намояд. Футболбози дигари фаронсавӣ нишонзани беҳтарини ҶҶ 2022 ва ҳамчунин ҳамдастаи Месси дар ПСЖ Клиан Мбаппе дар рақобат бо Месси имконияти бештар дорад, зеро ин футболбоз тавонист дар дидори ниҳоии ҶҶ ба задани се гол даст ёбад ва номи худро дар руйхати нишонзанҳои муособиқа пешсаф гардонад. Дар баробари ин Мбаппе давоми сол дар 56 бозӣ тавонистааст 56 гол ба нишон расонад. Барои ба даст овардани унвони беҳтарин футболбози сол ҳамчунин Хулиан Алварес ҳамлагари Аргентина ва МС, Ҷуд Белингем Англия, «Боруссия» Дортмунд, Кевин Де Брёйне ҳамлагри Белгия, «Манчестер Сити»,  Эрлинг Холанд – Норвегия, «Манчестер Сити», Ашраф Ҳакимӣ – Марокко, «ПСЖ», Роберт Левандовски – Лаҳистон, «Барселона», Садио Мане – Сенегал, «Бавария», Лука Модрич Хорватия, «Реал» Мадрид, Неймар Бразилия, «ПСЖ», Муҳаммад Салоҳ Миср, «Ливерпул», Винисиус Жуниор Бразилия, «Реал» Мадрид.Рақобат барои ба даст овардани унвони сармурабии беҳтарини сол низ хеле шадид хоҳад буд.

Сармурабии тими мунтахаби Аргентина Леонил Сколоне,  Сармураббии Реал Мадрид Карло Анчелотти, Хосеп Гвардиола сармурабии тими МС,  Сармураббии тими Фаронса Диде Дешам ва сармураббии тими миллии Марокаш Валид Реграги барои ба даст овардани ин унвон, ки ҳамагӣ фаъолияти хеле хуб дар соли 2022 нишон додаанд ва дастовардҳои назарас низ доранд, талош мекунанд. 

Ба руйхати беҳтарин дарвозабонҳо бошад дарвозабони Арсегентина Эмилиано Мартинес, дарвозабони Реал Малрид Тибо Куртуа, Ёсин Буну дарвозабони мунтахаби Марокаш, Алисон дарвозабони Ливерпул ва Эденсон дарвозабони тими МС шомил шудаанд, ки дар воқеъ сазовори ин унвон ҳастанд ва рақобати шадиде дар ба даст овардани ин унвон сурат хоҳад гирифт, ҳарчанд бартарӣ миёни номзадҳо дарвозабони мунтахаби Аргентина Мартинес  бо ба даст овардани унвони қаҳрамонӣ ва беҳтарин дарвозабони ҶҶ 2022 дорад.

Мижгонаи Насриддин,

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE