Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба наздикону пайвандони Амиршо Миралиев изҳори ҳамдардӣ намуданд
Имрӯз яке аз ходимони намоёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – собиқ мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрҳо, вакили Маҷлиси намояндагон, Раиси вилояти Хатлон, узви Маҷлиси миллӣ ва Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев дар синни 77-солагӣ вафот намуд.
Ӯ дар тамоми давраи фаъолияти тӯлонии сиёсиву давлатии худ ба мардум ва давлати Тоҷикистон содиқона хизмат намуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинобар даргузашти Амиршо Миралиев ба аҳли оила ва наздикону пайвандони ӯ изҳори ҳамдардӣ намуданд.